Курси такмили ихтисоси «Методикаи муосири таълими математика» барои омӯзгорони фанни математика бо мақсади такмил додани маҳорати касбӣ, рушди салоҳиятҳои педагогӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим дар раванди дарс таҳия гардидааст. Курс ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки бо равишҳои навини банақшагирӣ ва ташкил намудани дарс, истифодаи технологияҳои таълимӣ, инчунин усулҳои самараноки фаъолгардонии хонандагон шинос шаванд.
Дар ҷараёни омӯзиш иштирокчиён бо принсипҳои муносибати босалоҳият дар таълим, усулҳои интерактивии омӯзиш, роҳҳои ташкили фаъолияти мустақили хонандагон ва истифодаи воситаҳои рақамӣ дар таълими математика шинос мегарданд. Ҳамчунин, дар доираи курс масъалаҳои таҳлили дарс, банақшагирии фаъолияти таълимӣ, арзёбии натиҷаҳои омӯзиш ва такмили сифати таълим баррасӣ карда мешаванд.